Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии рақамӣ ва рушди энергетикӣ аз нигоҳи олимону муҳаққиқон”

25.04.2024


Санаи 25-апрели соли 2024 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии рақамӣ ва рушди энергетикӣ аз нигоҳи олимону муҳаққиқон” бахшида ба таҷлили рӯзи илми тоҷик инчунин эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.

 


Ҳадаф аз баргузории конференсия рушди нерӯи илмӣ ва эҷодии муҳаққиқони ҷавони соҳаи электроэнергетика, ҷалби коргарони ҷавон, донишҷӯен ва аспирантон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, рушд ва таҳкими робитаҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҳавасмандгардонии тафаккури эҷодии иштирокчиён, мубодилаи афкору пешравиҳои нав, инчунин ташаккули захираи кадрҳо барои соҳаи энергетика ва саноат мебошад.

 


Дар конфронси мазкур олимону муҳаққиқон аз давлатҳои Белоруссия, Россия, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Аз ҷониби ходимони илмии  Агентиии амнияти ХБРЯ –и АМИТ дар конфронси баршузоргардида 5 мақолаи илмӣ пешниҳод шуда буд. Дар ин чорабинӣ академик У.М. Мирсаидов иштирок намуда, дар мавзӯи “ Боргидриды металлов- Эффективные реагенты для водородной энергетики” баромад намуданд.